Назри Яздонӣ: Эҳсоси ифтихор дар осори Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Бобоҷон Ғафуров барҷастатар аст
Назри Яздонӣ, шоири халқии Тоҷикистон дар як матлаб осори таърихнигории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро “идомаи хатти хештаншиносии кори тамоми умри Қаҳрамони Тоҷикистон, Академик, Алломаи бузург Бобоҷон Ғафуров” дониста, таъкид намудааст, “китобҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” осоре ҳастанд, ки идомаи мантиқӣ, илмӣ, ватандӯстии хатти бузургони гузаштаи мо, хусусан хатти фаъолияти тамоми умри Академик Бобоҷон Ғафуров (ин нукта, яъне тамоми умр, тамоми фаъолияти сиёсиву иҷтимоии ин алломаи бузург маҳз ба таҳқиқи нақшу мавқи тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ як нуктаи бисёр муҳим аст, ки пайгирона, ҳадафмандона будани нубуғи Алломаро нишон медиҳад) мебошанд”.
Вале бо шинохт ва эътирофи Яздонӣ: “Дар айни замон байни осори Эмомалӣ Раҳмон ва Устод Ғафуров як фарқ аст, ки он ҳам бисёр муҳим аст ва он фарқият ин аст, ки эҳсоси ифтихор, эҳсоси ҳуқуқи меросдории ин тамаддуни бузург дар асарҳои Эмомалӣ Раҳмон барҷаста, рӯшан ва бо тамоми қудрати овози ботинӣ арз карда мешавад”.
Ҷаноби Яздонӣ дар ин матлаб, ки зери унвони “Пешвои маърифату Ваҳдати миллӣ” дар шумораи 3 (соли 2016)-и маҷаллаи “Садои Шарқ” нашр шудааст, менависад, “баргардонидани диққат ва тафаккури хештаншиносии миллӣ ба нуктаҳои бунёдии асолати миллӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти роҳбарии Президенти арҷманд самарбор ва коромад сурат гирифт. Ин оғози бобаракат пеш аз ҳама вобаста ба он буд, ки аз як ҷониб эҳсоси ватандӯстӣ, нангу номуси миллии роҳбар табиатан пурқудрат, пурҷӯшу хурӯш буд, аз ҷониби дигар шинохти ин маданияти арҷманд, маърифати саҳми тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ дар андешаи ӯ қавӣ, ҳамеша рӯ ба кор ва ҳамеша дар пешрафти бетанаффус таҳлилу тадқиқи билофосила аз рӯзҳои аввали фаъолияташон буд”.
Муаллиф дар матлаби худ ба масъалаи ҷасорати шахсии Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи бештар намуда, менависад, барои ҳамагон маълум, маъруф ва мусаллам аст ва он “на танҳо барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷангзада нақши бунёдӣ бозӣ кардааст, балки барои арз кардану исбот кардани мавқеъ, ҳуқуқи тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ низ нақши пурсамар ифо намуд”.
Назри Яздонӣ аз шуҷоати Эмомалӣ Раҳмон барои ба расми асолати миллӣ баргардонидани низоми қайди ному насаб ёд карда, онро як инқилоби хурд дар ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва хештаншиносӣ номидааст: “Ин амал дар назари аввал коре саҳлу осон аст, яъне гирифтани пасванди Аҳмадову Боев, “ов” ва “ев” аз ному насаби тоҷикӣ. Аслан, ин як гардиши бунёдӣ, дар ҷойи худ, ба сари худ, як инқилоби хурд аст. Хурд аст, аммо ҳамоно инқилоб аст. Инқилоб дар ҷаҳонбинӣ, дар ҷаҳоншиносӣ, дар хештаншиносӣ. Инқилоб, яъне бо шуҷоат (ҳар ҷо, ки шуҷоату диловарӣ аст, хатар ҳам ҳаст, хатар бошад, як пораи ногузири инқилоб аст). Баргаштан ба низоми аслии миллии ному насаб инкор кардани тасаллути як миллати дигар бар миллати мо ҳаст, ки дар як шакли гӯё камаҳамият ҳамоно вуҷуд дорад. Як ҳушдори тасаллути маънавӣ. Пешвои миллат шахсан нафари нахустин ва ибрати дигарон шуда, ному насаби худро ба асолати миллӣ баргардонданд”.
Дар ин мақола ҳамчунин муаллиф яке аз сабабҳои бо суръати тез маъруфу ба гардиши илмӣ ворид шудани андешаҳои Эмомалӣ Раҳмонро аз як ҷониб “ба таҳқиқи илмӣ гирифтани маводҳои қаблан барои илм номаълум” дониста, аз ҷониби дигар “мушаххасан бо ифтихори қонунии меросбари воқеӣ ва ҳуқуқӣ будани ин тамаддуни гаронмоя эҳсос кардани муаллиф” вобаста кардааст.
Дар ин матлаб Назри Яздонӣ ба обрӯ ва шахсияти афзояндаи Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ишора намуда, онро ҳосили “муҳаббат ва самимият, ободкорӣ, маслиҳату мадоро (яъне сулҳофаринӣ), эҳтироми қонуну қонунпешагӣ, адолат (хусусан ба қишрҳои осебпазири ҷомеа), ғамхории бетанаффус ба маърифат, маориф, тараққии рӯзафзуни хештаншиносии миллӣ” донистааст.