Баҳси бурду бохти шашмоҳаи Тоҷикистон: Буҷет иҷро нашуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл дар ҷаласаи ҳукумат бурду бохти иқтисоди кишвар тайи 6 моҳи гузашта ва нақшаҳои 6 моҳи ояндаро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Абдусалом Қурбониён, вазири молия ба Президент гузориш додаанд, ки бо вуҷуди коҳишёбии суръати рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратӣ, ноустувории вазъи савдои хориҷӣ, фаъол набудани истеъмолкунандагон бинобар коҳишёбии ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ дар 6 моҳи гузашта рушди мусбати иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуд.
Ба иттилои манбаъ тайи нимсолаи аввал рушди иқтисодии кишвар 6,6 фоиз ва таваррум 3,1 фоиз таъмин карда шуд.
Зимни ҷаласаи ҳукумат таъкид шудааст, ки қисми умумии даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 99,4 фоиз иҷро гардид: “Иҷрои нақшаи даромади буҷет аз ҳисоби Кумитаи андоз 104,8 фоиз таъмин гардид, вале аз ҳисоби Хадамоти гумрук нақша ҳамагӣ 86,4 фоиз иҷро шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет нисбат ба нақша 267 миллион сомонӣ кам ворид гардид”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон иҷро нагардидани буҷаро натиҷаи фаъолияти камсамари бархе аз вазорату ҳукуматҳои маҳаллӣ хонда, таъкид намудааст, ки на ҳама имконоту захираҳои мавҷуда ба таври пурра истифода гардиданд.
Дар охири маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои бетаъхири нишондиҳандаҳои дастурҳои Президент, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолият супоришҳои мушаххас додаст.