ВКД: Ахмедова ба гумшавии Сабинаю Малика рабт надорад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи кӯдакрабоӣ дар маркази Душанбе дар заминаи хусумати шахсии зани муттаҳам бо модари ноболиғ сурат гирифтааст.
Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зуҳри имрӯз, 26-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тибқи тафтишоти пешакӣ Матлуба Ахмедоваи 48-сола, муттаҳам дар рабудани духтарчаи 7-сола бо модари ин ноболиғ хусумати шахсӣ доштааст. Ба гуфтаи Ҷалолиддини Садриддин, Ахмедова хостааст, тариқи гаравгон гирифтани духтари ноболиғ аз модараш пулу санадҳоеро, ки гӯиё дуздидааст, бозпас гирад. Ахмедова қаблан бо модари духтарча дар толори маҳсгарӣ кор мекардааст ва вақте моҳи июни соли равон “сейф” бо пулу санадҳо гум мешавад, Ахмедова модари ноболиғро гунаҳкор кардааст. Ӯ ба ҳамин восита хостааст, амволи гумшударо бозпас гардонад.
Сухангӯи ВКД афзуд, феълан дақиқ шудааст, ки Ахмедова ба гумшавии Сабинаву Малика Араловаҳо ва Осия Диловароварабте надорад. Ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ карда, изҳор дошт, ки феълан таҳқиқот идома дорад. Қаблан гуфта мешуд, ин фарзия ҳам вуҷуд дорад, ки Сабинаву Малика ва Осия аз сӯи гуруҳи хонум Ахмедова дуздида шудаанд. Сабина ва Малика 25 марти соли 2013 нопадид шуда, ҳанӯз ёфт нашудаанд. Осияи панҷсола 8 августи соли 2014 бедарак шуд ва ҷасади ӯро баъдтар аз ноҳияи Ҳисор пайдо карданд.
Матлуба Ахмедоваи 48-сола, яке аз муттаҳамони асосӣ дар рабудани кӯдакон ба ронандае, ки ба ҳайси таксӣ фаъолият мекардааст, барои аз маҳаллаи "Садбарг" то Зарафшон бурдани як ноболиғи рабудашуда 2000 доллар ваъда кардааст.
Рӯзномаи “ИмрӯзNews” менависад, аммо “таксист” Кароматулло Маҷидов, ки дар қисми низомии 3502-и ВКД фаъолият доштааст, ин корро анҷом намедиҳад: “Бино ба гуфтаи худи майор Маҷидов, вай беш аз ду сол инҷониб Матлуба Ахмедоваро мешинохт ва баъзан ҳамчун таксист ба ӯ хизмат мерасонид. Ҳанӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон буд, ки Ахмедова ба ӯ акси Ф.Б.-ро нишон дода гуфт, нақшаи дуздидани кӯдакро дорад ва бояд Маҷидов кӯдакро аз назди "Садбарг" то ба маҳаллаи Зарафшон расонад. "Ҳаққи хизмат" - 2000 доллари ИМА. Маҷидов розӣ шуд ва... нақшаи ҷинояткоронро ба роҳбарият расонид. Рӯзи гузаронидани амалиёт ҷони худро ба хатар гузошт ва вазифаи наздаш гузошташударо бо сари баланд иҷро кард”.
Қаблан хабар дода шуд, ки бо иттиҳоми рабудани кӯдакон се нафар -- Матлуба Ахмедоваи 48-сола, Раҳмоналӣ Ғиёсови 24-сола, корманди беморхонаи мавсум ба “1-ум Советский” ва як ронандаи таксӣ боздошт шудаанд. Ахмедова соҳибмулки як маркази масҳ дар Душанбе гуфта мешавад. Боздошти ин се нафар замоне иттифоқ афтодааст, ки талоши рабудани як духтарчаи 7-соларо доштаанд. "Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 20 июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кӯдаки дуздидашуда баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст",-хабар медиҳад рӯзнома.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд: "Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст".
Алайҳи боздоштшудаҳо бар пояи моддаи 130 (Одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Акс аз “ИмрӯзNews”