Посухи тунди Бишкек ба дархости таҳдидомези вазири турк дар бораи литсейҳои Гюлен
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба изҳороти ниҳоди ҳамтои туркии худ дар мавриди дархости иқдом алайҳи ҷонибдорони Фатҳуллоҳ Гюлен ҷавоби расмӣ додааст.
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, изҳороти Мевлют Човушуглу, вазири умур хориҷаи Туркияро дар мавриди хатари ҷонибдорони Гюлен ба Қирғизистон омӯхтааст: “Мо нигарониҳои мақомоти расмии Туркияро дарк мекунем. Аммо, Қирғизистон қабл аз ҳама як кишвари соҳибихтиёр аст ва метавонад тасмим гирад, ки барояш чи хуб асту чи бад. Мо инро нодуруст мешуморем, вақте ки вазири корҳои хориҷаи як кишвар ба кишвари дигар зарурати ин ё он иқдомро нишон медиҳад ва он ҳам ба забони таҳдид”.
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо таъйиди ин, ки воқеан муроҷиатномаи ҷониби Туркияро нисбат ба фаъолияти литсейҳои туркии хусусӣ дар ҳудуди ин кишвар гирифтааст, менависад: “Ҷониби Қирғизистон онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва ҳангоми зарурат иқдоми муносиб мегирад. Инҷо меъёрҳои қонунӣ, уҳдадориҳои ҷонибҳо ва дигар масъалаҳо дар миён аст. Аммо, мо ҳамаи инро қатъан кори дохилии кишвари худ медонем”.
Қаблан Мевлют Чавушуглу, вазири умури хориҷаи Туркия ҳангоми ҳамоиш ба тарафдорӣ аз демократия аз ҳукумати Қирғизистон хост алайҳи тарафдорони Фатҳуллоҳ Гюлен иқдом кунанд. Ӯ бо ном бурдани чандин кишвар қайд карда буд, ки ин кишварҳо фаъолияти ташкилотҳои мутааллиқ ба Гюленро қатъ мекунанд. Мевлют Чавушуглу гуфтааст дар Сомалӣ аз тарафдорони Гюлен дархост шудааст, ки муддати як ҳафта ин кишварро тарк кунанд. Ба гуфтаи ӯ дар Қибрис (Кипр) ин ташкилотҳо террористӣ унвон шудаанд. Чавушуглу афзудааст, дар Озарбойҷон ва дигар кишварҳо ҳам иқдоми ба ин монанд гирифта мешавад: “Ман ба ҳамтои қирғизи худ занг задаму гуфтам агар нияти онҳо тағйир накунад, муносибатҳои мо тағйир мекунанд”.
Ин иқдом дар ҳолест, ки ахиран Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия Фатҳуллоҳ Гюлен руҳонии фирории туркро дар қасди кудатои низомӣ гунаҳкор кард. Аммо Гюлен ин иттиҳомотро қатъиян рад мекунад.