Истифодаи оби Тоҷикистон ба фоидаи Эрон: Душанбе ҳаракати Теҳронро интизор аст
Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон зимни як ҳамоиш ба муносибати 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти тоҷик аз оғози истиқлол муътақид ба таҳким ва густариши равобити дӯстона ва сулҳомез бо Ҷумҳурии исломии Эрон будаанд.
Имомзода дар ин маҳфил, ки 25-уми июл дар маҳалли сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шудааст, иттилоъ додааст, ки то имрӯз беш аз 160 санади муҳими дуҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст”.
Сафири Тоҷикистон бо ишора ба захираҳои бузурги оби кишвари мо ва имкони Эрон барои истифода аз ин манобеъ, афзудааст: “Ин мавзӯъ шомили омодагии дуҷонибаи ду кишвар мешавад. Тоҷикистон омодагии лозимро дорад, ки бастагӣ ба ҳаракат аз ҷониби Эрон дорад”.
Сафири тоҷик баргузории ҳамоиши байналмилалии дастрасӣ ба об ва мудирияти пойдори он дар пойтахти Тоҷикистонро гоми муассир дар ҷиҳати беҳсозӣ ва афзоиши сатҳи огоҳии ҷомеаи байналмилалӣ донистааст. Имомзода дар робита ба ин ҳамоиш гуфтааст пажуҳишкадае аз Эрон низ барои ҳузур дар ин нишаст изҳори омодагӣ кардааст. Сафири Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханронии худ дар мавриди истиқлоли Тоҷикистон чунин гуфтааст: “Ин истиқлол моро соҳиби давлати озод ва соҳибихтиёр кардааст, ки тамоми талоши худро барои фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардуми Тоҷикистон анҷом медиҳад”.
Ба гуфтаи Имомзода “мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди ҷанги дохилӣ ва мушкилоти зиёд тавонистаанд пешрафти устуворро дар кишвари худ барқарор кунанд.”
Сафири Тоҷикистон дар Эрон ин кишварро аз нахустин кишварҳое хондааст, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохта буд.