Аз 5 то 21 августи соли равон дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Бозиҳои XXXI-уми тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд. Дар ин олимпиада Тоҷикистонро ҳафт варзишгар намояндагӣ мекунад. Онҳо дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.
ДИЛШОД НАЗАРОВ
6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Варзиши сабук, гурзандозӣ.
Рекорди инфиродиаш 80,71 метр аст.
Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад
Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов ва феълан Владимир Машко мебошанд.
Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст.
Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад
Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.
Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Дилшод Назаров дар байни варзишгари тоҷик аввалин шуда ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.
Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.
Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад.
КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН
7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Дзюдо, вазни то 90 кг
Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соли 2015-ум хатм кардааст.
Аз соли 2012 ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров ва баъдан бародараш Фаридун Устопиров мебошанд. Феълан бо раҳбарии Владимир Николаевич Елчанинов тамрин мекунад.
Устоди дараҷаи байналмилалист.
Дар Ҷоми Аврупо соли 2013-ум дар Киев (Украина) ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин (2013) дар Хасавюрт (Доғистон) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Алматӣ (Қазоқистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Тошканд (Ӯзбекистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2014) ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014) ҷойи аввал, дар чемпионати Осиё дар Кувайт (2015) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи дуюм, дар чемпионати ҷаҳон дар Остона (Қазоқистон, 2015) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Ӯзбекистон, 2015) ҷойи дуюмро ишғол кардааст.
Ӯ 16 апрели соли 2016-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни то 90 кг медали тилло ба даст овард. Бояд тазаккур дод, Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст ва аввалин бор дар Олимпиада ширкат меварзад.
Ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 дзюдочии ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 10-ум ва дар рейтинги олимпӣ дар мақоми нӯҳум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.
Муҷаррад аст.
МУҲАММАДМУРОД АБДУРАҲМОНОВ
29 ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Дзюдо, вазни + 100 кг
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро соли 2014-ум хатм кардааст.
Аз соли 2003-юм ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш Носир Бозоров мебошад. Феълан бо раҳбарии Фаррухрӯз Собиров тамрин мекунад.
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист.
Дар Ҷоми ҷаҳон соли 2011-ум дар Алматӣ (Қазоқистон) ҷойи панҷум, дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоу (Чин, 2010) ва Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойҳои панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Ӯзбекистон, 2014), ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи аввалро ишғол кардааст.
Ду бор барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон (2014 ва 2015) гардида, як маротиба (2013) ҷойи дуюмро гирифтааст. Инчунин ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои Саидмуъмин Раҳимов (2014) мебошад.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти квалификатсионӣ бо имтиёзҳои ба даст овардааш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст.
Мураббии калони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст.
Оиладор аст. Се фарзанд – ду писару як духтар – дорад.
АНВАР ЮНУСОВ
Бокс, вазни то 60 кг.
1 феврали соли 1987 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2009) мебошад.
Ба бокс аз 12-солагиаш машғул аст. Аввалин мураббиаш Борис Ковтун буд. 13 сол бо роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ кардааст. Феълан таҳти раҳбарии Аббос Неъматуллоев тамрин мекунад.
Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ҷойи 5-ум дар Олимпиадаи Пекин (2008).
Ҷойи 3-юм дар чемпионати ҷаҳон дар Боку (2011).
Қаҳрамони Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2011).
Ҷойи сеюм дар чемпонати Осиё дар Урдун (2013).
Ғолиби Ҷоми ҷаҳон байни кишварҳои тавлидкунандаи нефт дар Ханти-Мансийски Русия (2013).
Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Бори сеюм дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Олимпиадаи Пекин-2008 ҷойи панҷумро гирифтааст. Дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар даври ҳаштякниҳоӣ мағлуб шудааст.
Дар мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ моҳи июни соли 2016-ум дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 60 кг ҷойи дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст.
Оиладор аст, соҳиби ду писар мебошад.
КРИСТИНА ПРОНЖЕНКО
10 декабри соли 1988 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист.
Хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (2012) аст.
Мураббиаш падараш Леонид Николаевич Пронженко мебошад.
Аз соли 2000-юм ба варзиши сабук машғул аст.
Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, ғолиби бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ дар Бишкеки Қирғизистон ва Алматии Қазоқистон аст.
Ширкаткунандаи чемпионати ҷаҳон дар Пекин (2015), Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ (2014), чемпионати Осиё дар Пунаи Ҳиндустон (2013) ва Ухани Чин (2015), чемпионати Осиё дар иншооти сарпӯшида дар Доҳа (Қатар, 2016) мебошад.
Рекордсмени Тоҷикистон дар иншооти сарпӯшида дар Доҳа (Қатар, 2016) оид ба панҷҳарба – 3435 имтиёз.
Моҳи июни соли 2016-ум дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Бишкек дар давидан ба масофаи 400 метр рекорди Тоҷикистонро нав кардааст – 56,34 сония.
Рекорди инфиродиаш дар давидан ба масофаи 200 метр 25,19 сония (Алматии Қазоқистон, 2015) мебошад.
Ба Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук як квота ҷудо шуда буд. Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Кристина Пронженкоро дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон, ки натиҷааш дар байни варзишгарони кишвар беҳтарин аст, барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 пешниҳод намуд. Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) ин пешниҳоди Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро пазируфтааст. Ба ин тартиб, Кристина Пронженко Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро намояндагӣ мекунад.
Кристина Пронженко дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси мураббии варзиши сабук, инчунин дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Издивоҷ накардааст.
[/img]ОЛИМ ҚУРБОНОВ
Шиноварӣ, 50 метр бо тарзи озод
Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
21 июни соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Аз соли 2012 ба шиноварӣ машғул аст. Мураббии аввалинаш
Ҳақназар Бедимоғов мебошад. Феълан таҳти раҳбарии Алӣ-Сомон Алиаҳмадзода машқ мекунад.
Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон оид ба навъҳои тарзи озод, баттерфляй, брасс ва пуштнокист.
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои обии варзиш дар Қазони Русия соли 2016 дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод дар мусобиқаи пешакӣ дар гурӯҳи худ ҷойи сеюмро гирифтааст.
Инчунин дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар мусобиқаи пешакӣ дар шиноварӣ бо тарзи озод сеюм шудааст.
Ширкаткунандаи Бозиҳои авруосиёӣ соли 2013 дар Алматии Қазоқистон дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр мебошад.
Рекорди шахсии ӯ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод 20,12 сония мебошад, ки 16 июли соли 2016 дар чемпионати шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Олим Қурбонов соли 2016 мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Душанберо хатм кардааст.
АНАСТАСИЯ ТЮРИНА
Шиноварӣ, 50 метр бо тарзи озод
Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
27 сентябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Аз соли 2012-ум ба шиноварӣ машғул аст.
Мураббиаш Катерина Измайлова мебошад.
Дар чемпионати ҷаҳон дар Доҳа (Қатар, 2014) ва Қазон (Русия, 2015) иштирок кардааст.
Соли 2015 дар чемпионати Тоҷикистон дар навъҳои тарзи озод ва крол ғолиб шудааст.
Ба Федератсияи шиноварии Тоҷикистон рӯзи 12 июли соли равон аз Федератсияи байналмилалии шиноварӣ нома расидааст, ки дар он гуфта мешавад ба ду варзишгари Тоҷикистон - Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов – барои иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия иҷозат дода шудааст. Ҳарду дар мусобиқот оид ба шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр иштирок хоҳанд кард.
Анстасия Тюрина хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 28-и шаҳри Душанбе мебошад.
ТАҚВИМИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР РИО-2016
Бар асоси тақвими Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқот аз 6-ум то 19-уми август ширкат мекунанд:
6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг
10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг
12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг
11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни мардон
12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон
15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон
17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ
20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ.