Раиси нав бренди “Тоҷик Эйр”-ро иваз кард (АКС)
Хайрулло Раҳимов, роҳбари навтаъини “Тоҷик Эйр” бренди ширкатро иваз намуда, барои анҷоми пурраи он тасдиқи ҳукуматро интизор аст.
Раҳимов, имрӯз, 25 июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, барои тағйир додани бренди ширкат ҳуҷҷатҳоро ба ҳукумат ирсол кардаанд: “Мо як маҷаллаи калон таҳия намуда, тағйиротро ба ҳукумат, кормандони ширкат, шахсони масъуле, ки метавонанд ба мо маслиҳатҳои хуб диҳанд, пешкаш намудем”.
Масъулини “Тоҷик Эйр” изҳор доштанд, ки тағйирот дар ҳоли коркард қарор дошта, баъди тасдиқи ниҳоӣ хароҷоти он низ дақиқ хоҳад шуд.