Худсӯзии маъюб дар рӯбарӯи шӯъбаи амнияти миллии Сурхандарё
Шербой Раҳимов, як сокини 42-солаи ноҳияи Шерободи вилояти Сурхандарё шаби 22 июл худро дар рӯбарӯи Шӯъбаи хадамоти амнияти миллии Узбакистон оташ задааст.
Кормандони Шӯъбаи умури дохилии минтақа гуфтаанд, ӯ аз нигоҳи равонӣ мушкил доштааст. Аммо "Озодлик", бахши узбакии Радиои Озодӣ аз қавли наздикони Шербой Раҳимов менависад, вай ба таъқиби кормандони Хадамоти амнияти миллии ноҳияи Шеробод тоб наовард: "Аз хурдӣ маъюби гуруҳи дуюм мебошад, чашмонаш хира ҳастанд. Се фарзандашро аз ҳисоби нафақаи маъюбиаш мехӯронд. Ҳамсараш дар роҳи Термиз об ва донаи офтобпараст мефурӯшад, то зиндагиро таъмин созад. Шербой аз моҳи май ба ин сӯ хавф дошт, ки берун барояд. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ба дунболи ман ҳастанд".
Табибон гуфтаанд, 65 дарсади бадани Раҳимов сӯхтааст. Ба қавли шоҳидони ҳодиса танҳо баъди як соати ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ ӯро ба беморхонаи марказии ноҳия бурдааст.