Кабирӣ: Ман дар ҷустуҷӯи Интерпол нестам
Муҳиддин Кабирӣ, раиси фирории Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон иддаои Вазорати умури дохилиро рад карда, изҳор доштааст, ки дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор надорад.
Кабирӣ ин нуктаро дар суҳбат бо “Исламнюз” изҳор дошта, афзудааст, ки мақомоти тоҷик танҳо бо кишварҳои алоҳидаи минтақа барои боздошту истирдоди ӯ вориди музокирот шудаанд. Кабирӣ изҳор доштааст, ки Интерпол дархости Тоҷикистон барои мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯро рад кардааст.
Ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ таҳти пайгарди байналмилалии Интерпол қарор дорад. Ӯ инчунин изҳор дошт, бо кишварҳои алоҳида дар мавриди боздошту истирдоди Кабирӣ ҳамкорӣ доранд.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои Вазорати умури доҳилӣ 342 шаҳрванди кишвар таҳти пайгарди Интерпол қарор доранд, ки 275 нафарашон дар терроризму ифротгароӣ муттаҳам мешаванд.