Ихтисори 3 ҳазор корманди бонкҳо ва ҷилавгирӣ аз муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк”
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон имрӯз, 25-уми июл эълон намуд, ки аз муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк”-у “Тоҷпромбонк” ҷилавгирӣ кардаанд.
Нурмаҳмадзода гуфт, маъмурияти муваққатиро, ки барои ҷилавгирӣ аз муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” таъин кардаанд, ба қадри имкон фаъолият дорад: “Маъмурияти муваққатӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” қариб 45 миллион сомонӣ маблағҳоро баргардонд. Дар мувофиқа бо пасандозгузорон муҳлати 115 миллион сомонӣ пасандозҳо тамдид карда шуд. Зиёда аз 12 ҳазор муштариёни кортдори бонк маблағҳои худро гирифтанд”.
Раиси Бонки Миллӣ илова намуд, ки боварии мардум ба бонкҳо каме коҳиш ёфтааст, аммо талош хоҳанд кард, ки эътимоди мардумро бештар кунанд. Ӯ афзуд, ки барои ворид намудани сармояи хориҷӣ ба бонкҳои кишвар гуфтушунидҳо идома доранд. Нурмаҳмадзода ҷалби сармояи хориҷиро тақозои замон ва таҷрибаи ҷаҳонӣ хонда, илова намуд, ки аз он набояд ҳаросид.
Раиси Бонки Миллӣ инчунин изҳор дошт, ки дар тамоми бонкҳои кишвар таҳлилу омӯзишҳо идома доранд ва намояндагию кормандоне, ки зарароваранд ихтисор хоҳанд шуд: “Таҳлилҳо идома доранд, кормандоне, ки лозим нестанду такрориянд ихтисор хоҳанд шуд. Инчунин намояндагиҳое, ки ба бозор ворид нашудаанд, имкон дорад, ки ихтисор гарданд”.
Дар маҷмуъ Нурмаҳмадзода иттилоъ дод, ки то ҳол теъдоди кормандони низоми бонкӣ 3 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст: “Агар соли гузашта дар низоми бонкию ташкилотҳои қарзӣ ҳудуди 22 ҳазор нафар кор мекарданд, имсол ин нишондод то 19 ҳазор нафар поин рафтааст”.