Ҳалокати 5 ҷавону 1 кӯдак дар пайи бархӯрди “Тойота” бо 2 “Мерседес”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки баъди зуҳри 24-уми июл дар пайи бархӯрди “Тойота” бо 2 “Мерседес” дар роҳи Душанбе-Чанноқ 6 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тақрибан соати 15:10 Шералӣ Рабиев, ронандаи 32-солаи “Тойота-Корола”, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштиҷ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки таҳти идораи Юнусов Соҳибҷон, сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштааст, бархӯрдааст: “Дар пайи бархӯрди аввал "Тойота" бо як “Мерседес-Бенс”-и дигар, ки таҳти идораи Сабуров Суҳроб, сокини 36-солаи шаҳри Истаравшан, қарор доштааст, бархӯрдааст”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки дар натиҷа мусофирони “Тойота”- Холов Даврон Сафармаҳмадович, соли таваллудаш 1992, Холова Майрам Давронбековна, соли таваллудаш 2015, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, ронандаи “Мерседес-Бенс” Юнусов Соҳибҷон ва мусофиронаш - Тоҷибоев Исроилҷон Иномҷонович, соли таваллудаш 1991, Файзиев Ҷамшед Маҷидович, соли таваллудаш 1990 ва Ҷӯраев Азимбой Муъминович соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд: “Шералӣ Рабиев, ронандаи “Тойота-Корола” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Спитамен бистарӣ гаштааст”.