Андуҳи бузурги Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори омодагӣ барои ҳамкории бештар дар решакан кардани терроризм
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи интиҳории Кобул унвони ҳамтои афғонаш номаи таслият ирсол кардааст.
Дар ин барқия аз ҷумла омадааст, "хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, бо андӯҳи бузург дарёфтам".
Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуда, ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи нерӯҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ таъкид менамояд: "Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Афғонистон ҳассос мо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории кишварҳоямон дар роҳи решакан кардани ҳамгуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ иброз медорем. Эҳсоси ҳамдардӣ ва ғаму ғуссаи амиқи моро ба ҳар хонаводаи фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем".
Дар ҷараёни тазоҳуроти “Ҷунбиши Рӯшноӣ” дар Кобул ду таркиш рух додааст. Вазорати сиҳати оммаи Афғонистон теъдоди қурбониёни ин ҳамлаи интиҳориро 66 ва теъдоди маҷруҳонро 305 нафар гуфтааст.
Эътирозгарони ҷунбиши “Рушноӣ” аз ҳукумати Афғонистон мехоҳанд хатти 500 киловатаи интиқоли барқи Туркманистон на аз масири Соланг, балки аз Бомиён гузарад. Аммо ҳукумати Афғонистон масири Солангро кутоҳтарин роҳ барои интиқоли барқи Туркманистон медонад.