Собиқ дарвозабон ноиби Рустами Эмомалӣ интихоб шуд
Анваршо Мирзоев, собиқ дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал раҳбари Федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Дафтари матбуоти Федерасия футболи кишвар дар ин бора хабар дода, мегӯяд, раҳбари нави ФФД имрӯз зимни як ҷаласа дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” интихоб гардида, дар ин мақом Дилшод Ҷураевро иваз намуд. Ба иттилои манбаъ, Дилшод Ҷураев ҳамакнун дар вазифаи ноиби Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ фаъолият хоҳад кард.
Манбаъ мегӯяд, Субҳон Хоҷамов, собиқ ҳимоятгари тими миллии кишвар оид ба футбол муовини раиси ФФД интихоб гардид. Увайдо Давлатбеков, ноиби пешии раиси ФФД ба кор дар ФФТ гузаштааст.