Шӯрои уламо: Касе гӯяд, одам аз маймун пайдо шудааст, кофир мешавад
Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки дониста аз хок пайдо шудани инсонро инкор мекунанд, кофир мешаванд.
Ин нуктаро Шӯрои уламо дар посух ба суоли Шерзод, як корбари сомонааш изҳор доштааст, ки аз Шӯро чунин суол кардааст: “Агар шахсе гӯяд, ки одам аз маймун таваллуд шудааст, чӣ мегӯед? Яке аз рафиқони ман худро мусалмон мегӯяд, аммо чунин ақида дорад. Оё ў аз дин хориҷ нашудааст? Ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, оё бо ў баҳс намоям ё робитаи ошноиро барканам?”
Шӯрои уламо посух додааст, “бародари азиз, бо ояти Қуръон собит шудааст, ки одам аз хок офарида шудааст. Бинобар ин касе онро дониста инкор кунад, кофир мегардад, аммо агар баъд аз он тавба кунад, мавриди омурзиши Худованд қарор мегирад. Бинобар ин, бо рафиқи худ тавсияи хондани китобҳои диниро дода, робитаи дӯстӣ ва ошноии худро барҳам назанед”.