$1,8 миллион ҷаримаи ширкати марбут ба Гулнора Каримова дар Ҳолланд
Додгоҳи Амстердам ширкати марбут ба духтари бузурги президенти Узбакистонро 1,8 миллион доллар ҷарима кардааст.
Бино ба иттилои Bloomberg, додгоҳи Ҳолланд ширкати Takilant-ро дар гирифтани пора аз ширкатҳои мухобиротии VimpelCom-у Telia ва тақаллуби аснод муҷрим шинохта, 1,6 миллион евро, муодили 1,8 миллион доллар ҷарима бастааст. Додситонӣ ширкати Takilant-ро, ки гуфта мешавад марбут ба Гулнора Каримова аст, дар гирифтани беш аз 300 миллион евро пора аз ду ширкати мухобиротӣ барои ворид шудан ба бозори Узбакистон муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, ширкатро 5 миллион евро ҷаримабандӣ намояд.