ВКД дар Кӯлоб ҳам аз номи Пешвои миллат ба кӯдакон яхмос тақдим кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз баргузории мусобиқаи шоҳмот ва "Аксияи яхмос" дар шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Бино ба иттилои торнамои ин ниҳод, чорабинии мазкур 19 июл бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб сурат гирифта, ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст: "Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон яхмос, нӯшокӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Аз тӯҳфаҳои Сарвари Давлат кӯдакону наврасон ва ҷавонон хушҳолу болида гардида, аз ободии диёр, тинҷию амонӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ изҳори хушнудӣ менамуданд".
Баргузории "Аксияи яхмос" дар Кӯлоб дар ҳолест, ки аввалҳои моҳи июни имсол Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи кӯдакон аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ба кӯдакону наврасони ноҳияи Рашт яхмос тақдим карда буд.