Иқдом алайҳи саргардонии нафақагирон: Пул гузашт, паёмак мегиред
Бонки давлатии Тоҷикистон “Амонатбонк” барои аз саргардонӣ раҳонидани нафақагирон хизматрасонии паёмакҳои ройгонро роҳандозӣ кардааст.
Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк”, имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин иқдом бо ҳамдастии Бонки миллии Тоҷикстон амалӣ гардида, имкон медиҳад, ки нафақагирон дигар саргардон нашаванд: “Нафақа, ки шуд ба телефони нафақагир паёмак меояд ва ӯ метавонад омада бе саргардонӣ аз банкоматҳо маблағашро бигирад”.
Номбурда гуфт, ин хизматрасонӣ тоза роҳандозӣ гардида, то ҳол шаш ҳазор нафақагир ба он пайваст шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Ба иттилои Ҳакимзода бонк имрӯз ба 655 ҳазор нафақагирон хизмат мерасонад, ки нафақапулии 558 ҳазори онҳо тариқи кортҳои бонкӣ пардохта мешавад: “Дар назар аст то охири соли ҷорӣ нафарони боқимонда низ пурра бо ин низом фаро гирифта шаванд”.