Мурофиаи парвандаи “Бандаи ГТА” то моҳи август ба таъхир гузошта шуд
Додгоҳи вилоятии Маскав эълон кард, мурофиаи навбатии парвандаи мавсум ба “Бандаи ГТА” моҳи август баргузор мешавад.
Бино ба иттилои расонаҳо, вакилони дифои муттаҳамон барои шиносоӣ бо маводи парванда фурсати бештар хостаанд ва қозӣ ин пешниҳодро қабул кардааст.
Муҳлати боздошти ҳамаи 9 тан аз боздоштшудаҳои “Бандаи ГТА” -- Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳнов, Анвара Улуғмуродов, Фазлидин Ҳасанов, Шероздҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Умар Ҳасанов ва ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонову Зафарҷон Ғуломов то 28 декабр тамдид шудааст. Додситонии кулли Русия парвандаи ин гуруҳро, ки дар куштори дастикам 17 нафар дар шоҳроҳҳои Маскаву назди он муттаҳам мешаванд, 24 июн ба додгоҳ фиристода буд.
Қаблан, Додситонии Русия хабар дода буд, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Боҳир Ғуломов, “раҳбари идеологӣ”-и “Бандаи ГТА” ва як нафари дигар, ки аз суи мақомоти тоҷик боздошт шудаанд, ба Тоҷикистон ирсол гардид. Ғуломов аз пайравони “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва таҳсилдидаи кишварҳои исломӣ муаррифӣ мешавад.
Мақомоти тоҷик, Фаррух Азаматҷонови 38-сола, охирин муттаҳам дар узвият ба гуруҳи “Бандаи ГТА”-ро моҳи гузашта дар Тоҷикистон боздошт карда буданд.
Додситонии Русия ин гуруҳи ҷиноиро, ки бештар аз зодагони Осиёи Марказӣ иборат аст, дар бандитизм, куштор, роҳзанӣ, истеҳсол ва доштани силоҳи ғайриқонунӣ айбдор мекунад. Дар доираи ин қазия Додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав моҳи марти соли гузашта Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистонро барои додани манзил ба аъзои гуруҳи ҷиноии маъруф ба “Бандаи ГТА”, ба як солу як моҳи зиндон маҳкум кард. Аъзои “Бандаи ГТА” моҳи ноябри соли 2014 боздошт шуданд.