Президент писарашро дар ВКХ вазифа додааст?
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон бо як фармон писараш – Сардорро дар Вазорати умури хориҷӣ ба кор гузоштааст. Дар ин бора торнамои “Альтернативные новости Туркменистана” хабар додааст.
Аммо дар ҳеч расонаи расмии Туркманистон дар бораи ин таъинот хабаре нашр нашудааст. “То ба ВКХ гузаштан Сардор Бердимуҳаммадов дар ҳайати раҳбарикунандаи Оҷонси давлатии идора ва истифодаи захираҳои углеводороди назди Президент, ки 15 июл бо як фармони раисиҷумҳур фаъолияташ қатъ шуд, кор мекард”,-менависад манбаъ.
Ба иттилои торнамо, ҳанӯз баҳори соли гузашта Рашид Муродов, вазири умури хориҷӣ муваззаф шуда буд, ки Сардорро “зери болҳои худ” бигирад, аммо маълум нест, ки дар ВКХ ӯ дар чӣ мақом кор хоҳад кард, мисле ки маълум набуд дар оҷонсӣ чӣ вазифа дошт.
“Альтернативные новости Туркменистана” мегӯяд, 15 июл баъди барҳам задани оҷонсӣ ҷаласаи васеъи кобинаи вазирон баргузор шуд, ки дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони таъсиси воҳидҳои нав дар ВКХ-ро содир кард: “Се департаменти нав – созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқӣ ва иттилооти байналмилалӣ тавре дар фармон омадааст, “бо ҳадафи беҳтар кардани фаъолияти ВКХ-и Туркманистон таъсис дода шудаанд”.
Ҳадс зада мешавад, ки писари Президент раҳбари яке аз ин ниҳодҳо таъин шудааст.