Суғд: 55 парвандаи ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор
Додситонии вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли равон дар робита ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъор 55 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, дар ин давра ҳамчунин барои хариду фурўши ғайриқонунӣ бо асъор 90 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ифтитоҳ шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон дар пайи босуръат боло рафтани қурби доллар моҳи декабри соли 2015 фаъолияти саррофиҳоро берун аз бонкҳо манъ кард.