380 ҳазор сомонӣ ҷаримаи 2 сокини Мурғоб барои шикори 2 гусфанди нодир
Абдулқодир Маскаев, сардори шӯъбаи ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз, 19 июл зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Мурғоб 3 ҳолати шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Маскаев, “2 сар гӯсфанди куҳии Архар, ё худ “Марко Поло” аз тарафи Қурбоналиев Тойчибек ва Бақтибаев Қошмамад, сокинони ноҳияи Мурғоб ғайриқонунӣ шикор карда шудаанд, ки аввалӣ ба пардохти 160 ҳазор сомонӣ зарару 32 ҳазор сомонӣ ҷарима ва дуввумӣ ба пардохти 160 ҳазор сомонӣ зарару 28 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум гардиданд”.
Илова бар ин 4 сар бузи куҳии сибирӣ аз тарафи Мараймбаев Нурмамад, як сокини дигари ноҳияи Мурғоб ғайриқонунӣ шикор шудааст, ки аз суи додгоҳи ин ноҳия 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли 2015 квотаи шикори гусфанди Архар, ки онро инчунин "ғурми помирӣ" низ мегӯянд, 85 сар буда, аз ин теъдод 67 сар шикор шудааст. Арзиши қонунии шикори як гусфанди “Марко Поло” 45 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Аз 7 квота, ки ҳукумат барои шикори бузи Морхӯр ҷудо кардааст, 6 ададаш истифода шуда, як адади дигар боқӣ мондааст.
Абдулқодир Маскаев илова намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани мониторинг муайян шудааст, ки саршумори гусфанди Архар ба 23-25 ҳазор ва теъдоди бузи куҳии пармашох, ки танҳо дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон зиндагӣ мекунанд, феълан ба 1 ҳазори 500 расидааст.