Шукри А. Ғоиб аз озодии бародараш: Ҷинояте накардааст
Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ишора кард, ки дар қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи бародараш-Наҷмиддин Саидов даст надорад ва аз раҳоии ӯ тариқи ВАО хабардор шудааст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор дошт, “сад бор шукр, ки имрӯз, волоияти қонун таъмин мешавад ва дар рафтору амалҳои бародари ман таркиби ҷиноят набудаасту ӯро раҳо кардаанд”.
Бинобар иттилои расмӣ парванда бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов, раиси идораи “Тоҷиксодиртбонк” дар ноҳияи Данғара дар пайи тасдиқ нашудани фикри айбдорӣ қатъ шудааст. Моҳи феврали соли равон Ҷамшед Мирзохонзода, сардори раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, парванда бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов ба додситонӣ ворид гардидаст. Мирзохонзода илова намуд, дар ин қазия чанд нафари дигар ҳам ҳастанд, ки парвандаҳояшон вориди додситонӣ шудаанд. Аммо зимни тафтишот парванда алайҳи Саидов қатъ гардида, парвандаи ду ҳамроҳи дигараш ба додгоҳ равон шудааст.
Қаблан расонаҳо иттилоъ доданд, ки Наҷмиддин Саидов моҳи октябри соли гузашта ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид. Тибқи иттилои нашршуда Наҷмиддин Саидов барои таъини як шаҳрванд ба мақоми раиси гумрук дар Суғд 600 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани қисме аз ин маблағ боздошт шудааст.