Дастури Президент барои ҳифзи пурзӯри яроқ дар идораҳои қудратӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки ҳифзи силоҳ дар идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар пурзӯр карда шавад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрук, ки 18-уми июл дар машварати кории Президент бо мақомдорҳои аршади қудратӣ иштирок дошт, дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, раисиҷумҳур аз ҳаводиси як ҳафтаи охир дар ҷаҳону минтақа суҳбат кард.
Ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пасманзари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба идораи пулиси Алмаато дастур додааст, ҳифзи аслиҳае, ки дар сохторҳои қудратӣ нигоҳдорӣ мешавад, пурзӯру устувор гардад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои терроризму экстремизм ҳушдор дода, хостори таҷлили бошукуҳи 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар фазои амну осоиштагӣ шудааст.