Ректори Донишгоҳи Хуҷанд: Донишгоҳро ба яслӣ табдил додан ҳам даркор нест! (САДО)
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, давоми ду соли ахир ҳеч донишҷӯи ин муассиса ба гуруҳҳои ифротӣ напайвастааст.
Анвар Мақсудов 18 июл дар нишасти хабарие дар маркази маъмурии вилояти Суғд гуфт, барои ҷилавгирӣ аз пайвастани донишҷӯён ба гуруҳу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ бояд ба онҳо супоришҳои зиёд дод, то фурсат пайдо накунанд: "Мо яслӣ нестем. Инро низ баҳо додан даркор аст, ки Донишгоҳро ба яслӣ табдил додан ҳам даркор нест. Нодуруст аст. Лекин мо агар донишро сахт талаб кунем, донишҷӯ вақт намеёбад, ки ба ягон ҷой равад".
Ба қавли ҷаноби Мақсудов, одатан ҷавононе ба чунин гуруҳҳо мепайванданд, кисаводи кофӣ надоранд: "Давоми 20 сол дидем, ки ҳамон бачаҳое, ки донишашон якбора вайрон мешавад, ба гуруҳҳои террористӣ ҳамроҳ мешаванд. Сабаби якбора аз хондан мондани донишҷӯёнро омӯхтан лозим аст. Агар таҳсили онҳо хуб бошад, ба чунин гуруҳҳо ҳамроҳ намешаванд".
Ректори Донишгоҳи Хуҷанд дар идома таъкид кард, ҳоло ягон донишҷӯи ин муассиса ба гуруҳҳои ифротӣ напайвастааст: "Худоба шукр дар зарфи 2 соли ахир ягон донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро дар ягон ҳодиса нашунидем".