The FINANCIAL: Ғизои тарабхонаҳо ва барқ дар Душанбе аз арзонтаринҳост
Маҷаллаи “The Financial” хароҷоти зиндагиро дар 15 пойтахти кишварҳои пасошӯравӣ муқоиса кардааст. Душанбе бо дарёфти 31.92 имтиёз мақоми 11-умро муаррифӣ мекуунад.
Зинаи аввали рейтингро бо хароҷоти аз ҳама зиёд шаҳри Таллин, пойтахти Эстония ва мақоми охирро Кишинёв, пойтахти Молдова соҳиб шудаанд.
Бино ба иттилои маҷалла, додаҳои арзиши зиндагиро бо такя ба додаҳои numeo.com нисбат ба шаҳри Ню-Йорк раддабандӣ кардааст. Ин шохис нархи колоҳои масрафӣ аз ҷумла хӯрокворӣ, тарабхонаҳо, ҳамлу нақл ва обу барқро нишон медиҳад.
Ба ин тартиб, Душанбе дар заминаи нархи иҷораи хона бо гирифтани 16.72 хол дар ҷойи 13 ва аз ҷиҳати нархи маводи ғизоӣ дар ҷойи 10-ум аст. Ин шохис нархи ғизо дар тарабхонаҳои Душанберо аз миёни 15 шаҳри Шӯравии пешин арзонтарин баҳогузорӣ кардааст. Нархи қувваи барқ ҳам дар Душанбе аз сӯи ин шохис поинтарин дараҷаро соҳиб шудааст, ки 13.69 холро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон бо гирифтани 41.70 хол дар мақоми чорум, Тошканд бо 40.16 хол ҷойи 6, Бишкек бо 33.03 хол дар ҷойи 9 ва Остона бо 31.12 хол дар мақоми 13-ум омадааст.