Қатли “одами тиллоӣ” дар Ҳиндустон (ВИДЕО)
Ҳиндуе, ки бо доштани либоси тилоӣ дар ҷаҳон машҳур шуда буд, ваҳшиёна қатл шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, бо иттиҳоми куштори ин соҳибкор чор нафарро боздошт кардаанд.
Датта Фаҷ баъди он машҳур шуд, ки дар интернет наворе дар бораи соҳиби куртаи тиллоӣ будани ӯ ба сайр даромад. Ин навор дар як фурсати кутоҳ ба даҳҳо сомонаҳо роҳ ёфт ва теъдоди бинандаҳояш ба таври бесобиқа зиёд шуд. Датта Фаҷ мегуфт, куртаи тиллоияш бар ивази 250 ҳазор доллар соли 2013 таҳия шудааст. Бар иловаи курта, ӯ бо гарданбанду ангуштариҳои гарони тиллоӣ дар мазҳари омм зоҳир мешуд, аз ин ҷо вайро дар Ҳиндустон “одами тиллоӣ” меномиданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҳиндустон гуфтааст, ин соҳибкорро дар шаҳри Пуна куштаанд: “Яке аз муттаҳамон Фаҷ ва писари 22-солаи ӯро ба ҷашни мавлуд даъват кардааст. Онҷо ба вай ҳудуди 12 нафар ҳамла кардаанд”.
Расонаҳо аз қавли кормандони пулис гуфтаанд, писари соҳибкор осеб надидааст. Ҳадафи ҳамлагарон танҳо Датта Фаҷ будааст: “Ӯро то мурдан кӯфтаанд”.