Раҳоии судяе, ки бо 111 ҳазор $ пора боздошт шуд
Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ки як моҳ қабл бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора боздошт шуда буд, аз ҳабс раҳо шудааст.
Ин нуктаро имрӯз, 18-уми июл Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ карда, афзуд, Саидзода бо имзои забонхат, ки аз макони зисташ берун намеравад, аз боздошт раҳо шуд. Раиси додгоҳ гуфт, раҳоии муттаҳам дар салоҳияти мақомоти тафтишотӣ аст ва агар муътақид бошанд, ки гумонбар намегурезаду ба бозпурсиҳо ҳозир мешавад, ӯро раҳо мекунанд: “Тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз ҷониби мақомоти зидди коррупсия идома дорад, вале гунаҳкорӣ ё бегуноҳиро мақомоти судӣ ҳал мекунанд”.
Қаблан Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми порагирӣ дар ҳаҷми 111 ҳазор доллари амрикоиро ифшо карда буд.
Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод Саидзода ба ивази пора ба шаҳрвандон “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зидди фасод онҳоро дар қаллобӣ муттаҳам кард, ваъдаи пуштибонӣ додааст: “Баҳори соли равон Саидзода барои пуштибонӣ аз судшавандагон "А" ва "Б" аввал 7000 доллари амрикоӣ ва сипас зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 19 майи соли 2016 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбати судшавандагон "А" ва "Б" ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима татбиқ кард”.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Саидзода кирдори ҷиноияшро идома дода, дар доираи парвандаи дигар аз шаҳрвандон "А" ва "Б" боз 50 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардааст: “17-уми июни соли равон тахминан соати 17 Саидзода пас аз гирифтани 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шуд”. Оҷонсии зидди фасод ин қазияро тариқи телевизионҳо низ намоиш дод, аммо Саидзода баъди чанд рӯзи боздошт дубора раҳо гардидааст.