Раиси Суди Олӣ дар бораи афви “тиллоӣ”, 10 шарики “пагондор”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳукмҳои ғоибона
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, расман аз мақомоти давлатӣ дар бораи афви “тиллоӣ”, ки гӯиё ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар дар назар аст, чизеро нашунидааст.
Шоҳиён имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, расман лоиҳаи қонун дар ин бора пешниҳод нашудааст ва овозаҳо дар бораи авфро аз ВАО хондааст. Ӯ илова намуд, ки масъалаи афв дар салоҳияти ниҳоди тобеяш нест.
Дар мавриди тағйири қонунгузорӣ, ки эълони ҳукми афроди муттаҳамро дар ғайби онҳо иҷозат медиҳад, Шоҳиён гуфт, ин таҷриба дар дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад. Ӯ иддаоро, ки ин тағйирот алайҳи бархе аз мухолифин, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ равона шудаанд, беасос хонда, илова намуд, ки феълан дар кишвар мафҳуми мухолифин нест ва бояд собиқ мухолифин гуфт. Шоҳиён гуфт, фикр намекунад, ки ин тағйирот алайҳи афроди алоҳида равона шудаанд. Ӯ муқаррарӣ хонд, ки агар нафаре баъди ҷиноят дар хориҷ паноҳ барад, мурофиаи додгоҳӣ дар ғайби ӯ баргузор шуда, ҳукм бе ҳузураш эълон мегардад.
Шоҳиён инчунин иттило дод, ки марҳилаи додгоҳии парвандаҳои марбут ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим низ дар ҳоли анҷомёбист. Бар асоси изҳороти раиси Суди Олӣ дар робита ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим то ҳол 10 корманди сохторҳои қудратӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки як нафарашон мақоми аршадро ишғол мекард. Ӯ аз ифшои ному ҷузъиёти ҷиноятҳои шарикони “пагондор”-и Ҳоҷӣ Ҳалим худдорӣ карда, таъкид намуд, ки ман қаблан ҳам гуфтам ва бори дигар такрор мекунам, ки ин қазия натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ мақомоти қудратӣ буд.