Таркиши мина зери пойи марзбонҳои тоҷик дар Шӯрообод
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, 16-уми июл дар деҳаи Анҷероби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, собиқ Шӯрообод зери пойи марзбонҳои тоҷик мина таркидааст.
Ба иттилои манбаъ ҳодиса ҳангоми хидмати марзбонҳо дар наздикии марз бо Афғонистон рух додааст: “Дар натиҷа ду марзбон, сокинони шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷароҳат бардошта, феълан дар беморхона бистарӣ мебошанд”.