Дастури ҳукумат барои таҷлили 100-солагии раққоси тоҷик ва бузургдошти Ҳаким Тирмизию Закариёи Розӣ
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи равон қарор кардааст, ки тайи соли 2016 дар кишвар 100-солагии Ғаффор Валаматзода, раққоси маъруфи тоҷик таҷлил карда шавад.
Тибқи қарори ҳукумат, ки дар ихтиёри “Озодагон” қарор дорад, инчунин таҷлили 1250-солагии Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн, маъруф бо номи Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии мутафаккири тоҷик Закариёи Розӣ дар назар аст.
Ҳукумат Академияи улум, Вазорати фарҳанг, Вазорати маорифу илм ва Кумитаи радиои телевизионро муваззаф намудааст, ки барои муаррифии бештари шахсиятҳои зикршуда чораандешӣ кунанд. Вазорату ҳукуматҳои маҳаллӣ дастур гирифтаанд, ки дар доираи буҷаи давлатӣ нақшаи таҷлили 100-солагии Валаматзода, Тирмизӣ ва Розиро таҳия кунанд.
Ғаффор Рустамович Валаматзода, раққос ва балетмейстери тоҷик, ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1916 таваллуд шуда, 12 декабри 1993 даргузаштааст. Ӯ 12 декабри 1993 дар оромгоҳи «Лучоб» ба хок супорида шуда, барои бузургдошти хотираш Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода гузошта шудааст.