Раисиҷумҳури Эрон: Даврони кудато, туп ё тонк гузашт
Раисиҷумҳури Эрон гуфтааст, даврони кудето, туп ё тонк гузаштааст. Ҳасан Руҳонӣ, ин нуктаро якшанбеи 17 июл ҳангоми суханронӣ дар устони Кирмоншоҳ дар робита ба табадулоти нокоми Туркия изҳор доштааст.
Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Руҳонӣ афзуда, “ҳанӯз дар минтақае ҳастем, ки иддае фикр мекунанд бо кудато метавон қудратро ҷо ба ҷо кард”.
Раисиҷумҳури Эрон дар идома бидуни ишора ба кишвари хосе таъкид кардааст: “Режим кӯдаксифати минтақа ба дунболи лошаи мурдагони террорист ҳастанд”.
Кудатои номуваффақи Туркия шаби 15 ба 16-и июл аз сӯи гуруҳе аз низомиёни ин кишвар иттифоқ уфтод. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия субҳи 16 июл ин кудаторо шикастхӯрда эълом кард ва гуфт, ҳукумат вазъиятро дар контроли худ дорад. Дар соатҳои аввали ин кудато ҳазорон тан аз тарафдорони ҳукумати Эрдуғон ба хиёбон рехтанд ва ҷилави табаддулотчиҳоро гирифтанд. Давлати Туркия Фатҳулло Гюлен, мухолифи ҳукумати феълии Туркияро, ки дар Амрико ба сар мебарад, дар ин кудато мутаҳҳам мекунад. Эрдуғон хостори истирдоди Гюлен аз Амрико шудааст. Тибқи гузоришҳои расида бештар аз 6 ҳазор нафар, аз ҷумла баъзе афсарон ва қозиёни аршади Туркия ба ҷурми даст доштан дар кудато боздошт шудаанд. Теъдоди кушташудаҳои ин ҳодиса ба 290 нафар расида, 1400 каси дигар маҷруҳ шудаанд.