Амри Э.Раҳмон барои ҳифзи парвозҳои Президенту шаҳрвандон аз террористҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомотро муваззаф кардааст, ки барои таъмини амнияти фурудгоҳу ҳавопаймоҳо тадобири иловагии зиддитеррористӣ андешанд.
Тибқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи равон имзо шудаасту нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор дорад, маъмурини амният бояд тамоми кормандони фурудгоҳ, корхонаи таъмини сӯзишворӣ, намояндагони ширкатҳои хориҷӣ ва дигар кормандони мақомотро, ки дар фурудгоҳу атрофи он фаъолоият мекунанд, аз санҷиши махсус гузаронанд.
Раисиҷумҳур дастур додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз интиқоли силоҳу маводи тарканда, гаравгонгириҳо дар ҳавопаймою фурудгоҳҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккил, мунтазам машқҳою амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шаванд.
Дар амри имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шудааст, ки барои таъмини амнияти парвозҳои роҳбарияти давлат, меҳмонҳои воломақоми хориҷӣ ва инчунин ҳангоми чорабиниҳои муҳими давлатӣ нерӯ ва дастгоҳҳои махсуси зиддитеррористии мақомоти амниятӣ кор бурда шаванд.
Бо дастури раисиҷумҳур инчунин давоми се моҳи оянда бояд тартиби нави фаъолияти фурудгоҳҳо ва ҳамкорияшон бо мақомоти давлатӣ таҳия гарданд.