Р.Эмомалӣ хостори муборизаи бештар бо фасод шуд
Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон хостори муборизаи бештар бо коррупсия шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Рустами Эмомалӣ фаъолияти 6-моҳаи ниҳоди тобеяшро таҳлил карда, ба масъулони соҳавӣ супориши қатъӣ додааст, ки мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлубро тақвияти бештар диҳанд.
Манбаъ мегӯяд, зимни ҷаласа зикр шуд, ки тайи нимсолаи аввали соли равон аз 221,2 миллион сомонӣ зарари молиявии ошкоргардида, 125,5 миллион сомонии он баркарор карда шудааст.