Узрхоҳии “СомонЭйр”: Ба сабри Шумо ва дарки мушкилии бо ширкат рӯйдода умед дорем
Ширкати ҳавонавардии “СомонЭйр” барои тағйир додани ҷадвали парвозҳо ва эҷоди нороҳатӣ ба мусофиронаш дар ҳафтаи ахир маъзарат хостааст.
Рӯзи гузашта, чанд тан аз мусофирони ширкати “СомонЭйр” шикоят карданд, ки парвози онҳо ба Туркия баъди 9 соати таъхир имконпазир шуд. Тимур Бандишоев, сухангӯи ин ширкати ҳавонавардӣ дар суҳбат ба “Озодагон” далели таъхирро ба мушкили фаннӣ дар ҳавопаймоҳои “СомонЭйр” рабт дод. Ӯ гуфт, ҷадвали ҳафтаинаи парвозҳои ширкат истифодаи 5 ҳавопайморо дар назар дорад: “Мутаасифона ду ҳавопаймои мо бо сабабҳои техникии новобаста аз ширкат муваққатан аз истифода бароварда шуданд. Як ҳавопаймо бар асари ба муҳаррик бархӯрдани парранда ва дигарӣ аз қисми “интерсептор” осеб дидаанд. Аз ин рӯ ҳоло танҳо се ҳавопаймо мавриди истифода қарор доранд”.
Ҷаноби Бандишоев афзуд, бо сабаби кам будани теъдоди ҳавопаймоҳо наметавонанд парвозҳоро бе таъхир анҷом бидиҳанд. “Барои ҳалли мушкил ва мусофиронро аз тағйири ҷадвал огоҳ намудан, кормандони ширкат 24 соат кор мекунанд. Маблағи харҷкардаи шахсоне, ки хоҳиши супоридани чиптаро доранд, баргардонида мешавад. Дар сурати таъхири парвоз мусофиронро бо меҳмонхона ва ғизо таъмин менамоем”,-илова кард ӯ.
Сухангӯи “СомонЭйр” мегӯяд, феълан ҳавопаймоҳои осебдида дар таъмир қарор дошта, интизор меравад, ҳафтаи оянда ба парвоз омода шаванд: “Дар ин сурат ҷадвали парвозҳо муътадил хоҳад шуд. Мо ба сабри Шумо ва дарки мушкилии бо ширкат рӯйдода умед дорем”.