Президенти академия: Мо мардуми кучӣ набудем (ВИДЕО)
Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз ба Карон баҳои илмӣ-таърихӣ дода нашуда, корҳои ҳафриётӣ дар ин минтақа идома дорад.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти ин ниҳод дар нишасти хабарии рӯзи 14 июл дар Душанбе бо ишора ба баҳсҳо дар мавриди шаҳр будан ё набудани Карон гуфт, “бояд дар баҳогузорӣ танҳо ба илм, олимон ва далел такя намоем”.
Ба қавли ӯ, бозёфтҳои аз ин минтақа бадастомада ба озмоишгоҳҳо фиристода мешаванд ва баъди ташхис чӣ қадар сол доштани Карон маълум хоҳад шуд: “Танҳо он вақт ба шумо дар бораи синни Карон мегӯям”.
Фарҳод Раҳимӣ афзуд, соли гузашта барои таҳқиқи ин макон экспедитсия ташкил шуда, як гуруҳи олимон пас аз 15 рӯз дубора дар Карон ба корҳои ҳафриотӣ машғул хоҳанд шуд: “Новобаста аз баҳсҳое, ки мешавад, ҳам Карон ҳам Кангурт ва ҳам Саразм ифтихори таърихии мо буда, пеш аз ҳама исботи он аст, тоҷикон мардуми бумии ин марзу бум ҳастанд. Мо мардуми кучӣ набудем ва ин сарзамин сарзамини мо мебошад ва ҳар сафолпорае, ки меёбем исботи таърихи куҳанбунёди мардуми мост”.