Эълони исми саркардаҳои табаддулоти низомӣ дар Туркия
Исми бархе аз созмондиҳандаҳои табаддулоти низомӣ дар Туркия эълон шудааст.
Хабаргузориҳои Туркия бо такя ба манобеи худ навиштаанд, полковник Муҳаррам Косе, мушовири пешини ҳуқуқии Ситоди генералии Артиши Туркия саркардаи ин табаддулот будааст. Полквоникҳо Доған Уйсал, Маҳмал Оғуз ва майор Эркан Агин ҳам аз пайравони асосии ӯ гуфта мешаванд.
Бино ба хабарҳои нашршуда, дар пайи талоши ғасби ҳукумат аз сӯи низомиён 17 маъмури пулис кушта шудааст. Додситонии Туркия аз ҳалокати 42 нафар дар шаҳри Анқара хабар медиҳад.
Баъди нашри хабарҳо дар бораи табаддулоти низомӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон, аз мардуми кишвараш даъват кардааст ба кӯчаҳо бароянд ва аз ҳукумати қонунӣ пуштибонӣ кунанд. Хабаргузориҳо менависанд, баъди ин ҳазорҳо нафар дар шаҳрҳои Истамбул, Анкара ва Измир ҷамъ омадаанд.
Хадамоти амниятии Туркия мегӯяд, табаддулотгарон шикаст хӯрдаанд. Нахуствазири Туркия аз боздошти 130 низомӣ, ки дар ин табаддулоти номуваффақ иштирок кардаанд, хабар додааст.
Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО аз ҳукумати Эрдуғон пуштибонӣ кардаанд.