14 кушта ва 14 захмии ҳодисаҳои нохуш дар сохтмонҳои Тоҷикистон
Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи куҳкорӣ мегӯяд, тайи шаш моҳи ахир дар пайи садамаи истеҳсолӣ ва ҳодисаҳои нохуш 14 нафар ба ҳалокат расида, 14 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Раҳим Санъат Асо, раҳбари ин хадамот имрӯз, 15 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар ин давом як садамаи истеҳсолӣ ва 20 ҳодисаи нохуш ба қайд расидааст. Ба иттилои ӯ, аз миёни 14 нафари ба ҳалокатрасида, 3 тан дар сохтмони неругоҳи Роғун кор мекардаанд. Ба омори Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи куҳкорӣ шурӯъ аз аввали соли равон дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар сохтмони Роғун ҳамчунин 5 нафар ҷароҳати бардоштааст. Ин ниҳод мегӯяд, Шодмон Яқубов (пармагар), Саид Мусулмонов (васлгар) ва Сангалӣ Бобоназаров (тазриқкор) бо сабабҳои “техникӣ ва ташкилӣ ё суст бурдани назорат оид ба риояи талаботи дастурамалҳо ва қоидаҳои бехатарӣ” ба ҳалокат расидаанд. Бо ҳамин сабабҳо К.Нуралиев (коргар) М.Зулфиқоров, Д.Саидов, Ҳ.Кароматов ва А.Ҳасанов (кафшергарон) ҷароҳат бардоштаанд.
Раҳим Санъат Асо, раҳбари хадамот дар нишасти хабарии имрӯз гуфт, миёни қурбониён шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ҳастанд. Ӯ афзуд, дар пайи ҳодисаҳои техникӣ ва суст бурдани назорат оид ба риояи талаботи қоидаҳо, 5 узви як хонаводаи чинӣ, ки нақбканони ширкати ҶДМ “ШКСТ” дар шаҳри Гулистон будаанд, ҷон бохта, як шаҳрванди дигари ин кишвар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оқои Асо Санъат таъкид кард, барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъули корхонаҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 238500 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Акс аз бойгонӣ