Пешниҳоди Убайдуллоев ва мансаби нави Озода Раҳмон дар парлумон
Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва узви тозаинтихоби палатаи болоии парлумон имрӯз, 15-уми июл раиси Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб карда шуд.
Тибқи иттилоияи расмӣ Озода Раҳмон ба ин мақом бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб гардид.
Инчунин бо пешниҳоди Убайдуллоев бо диқиқаи хомӯшӣ хотираи собиқ узви Маҷлиси миллӣ Қаҳор Маҳкамов пос дошта шуд. Дар маҷмуъ аъзои палатаи болоии парлумон 39 масъала, аз ҷумла масоили тағйироти кадрӣ, қабули қонунҳои нав ва тағйири номи бархе аз маҳалҳои кишварро баррасӣ ва қабул кардаанд.
Мансаби нави Озода Раҳмон дар ҳолест, ки ахиран Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон аз фаъолияту зарфияти ӯ ба ҳайси раиси дастгоҳи Президент тавсиф карда, афзуд, ки “мо бояд зарфиятҳояшро дар ин мансаб ва дигар мансабҳо истифода барем”.