4 миллион–ҷаримаи Умаров барои пешниҳоди пора ба пулис
Додгоҳи ноҳияи Куйбишеви вилояти Иркутск шаҳрванди Тоҷикистон Иброҳимбек Умаровро дар қасди додани пора ба корманди пулис гунаҳкор дониста, ба пардохти 4 миллион рубл ҷарима муваззаф кардааст.
Тавре додситонии вилояти Иркутск 13-уми июл дар сомонаи расмияш хабар додааст, корманди пулис оид ба амнияти иқтисодӣ ва мубориза бо фасод моҳи январи соли равон аз Умаров дархост кардааст, ки иҷозатнома барои интиқоли чӯбро пешниҳод кунад: “Умаров 100 ҳазор рубл пора пешниҳод карда, хостааст, ки маъмури пулис ӯро ба ҷавобгарӣ накашаду бо мошини ҳомили чӯбу тахта раҳо кунад”.
Аммо корманди пулис пораро рад кардааст ва шаҳрванди Тоҷикистон барои қасди додани пора ба пардохти 4 миллион рубл ҷарима маҳкум шудааст.