Афғонистон: Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони пайвастан ба ДИИШ
Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон навори видеоие нашр кард, ки дар он ду нафар худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардаву мегӯянд, барои "ҷиҳод" ба ин кишвар омадаанд.
Яке аз ин афрод, ки аз ӯ Эҳсонуллоҳ Тураев ном бурда мешавад, изҳор медорад, ки онҳоро Сайфулло ном нафаре тавассути интенет даъват намуда, гуфтааст, алайҳи неруҳои ғарбӣ дар Афғонистон "ҷиҳод" хоҳанд кард. Осим Довудӣ боздоштшудаи дигар ҳам тасдиқ мекунад, ки нахуст ба Кобул ва баъдан ба Нангарҳор омадаанд.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли Раёсати умумии амнияти миллии ин кишвар мегӯянд, ин ду табааи Тоҷикистон ҳамроҳ бо ду сокини вилояти Парвон дар вилояти Нангарҳор боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, онҳо қасд доштаанд ба вулусволии Ачини вилояти Нангарҳор рафта, ба гуруҳи ДИИШ бипайванданд.