Каромат Шарифов: Бетарафӣ ва хомӯшии шумо мушкилиҳоро меафзояд
Ҷунбиши умумирусиягии Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз баргузории анҷумани навбатии худ хабар медиҳад.
Каромат Шарифов, раҳбари ин ҷунбиш ба “Озодагон” гуфт, чорумин анҷумани онҳо шанбеи 16 июл дар шаҳри Маскав доир мегардад: “Анҷуман соати 15:00 (ба вақти Маскав) дар “Хонаи рӯзноманигорон” (Дом журналиста), воқеъ дар назди метрои Арбат Никитский шурӯъ мешавад”.
Оқои Шарифов дар як паём аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки дар кори анҷуман иштироки фаъол дошта бошанд: “Ҳар шахсе, ки ҳисси миллӣ дорад ва дар устухонаш тоҷик будани худро ҳис менамояд, набояд бетараф бошад. Имрӯз бетарафӣ ва хомуш будани шумо мушкилиҳоро бештар мекунад. Давлати демократии Русия барои мо тоҷику тоҷикистониҳо озодиро пешниҳод намуд ва бояд аз ин минбари баланд дар “Хонаи рӯзноманигорон”-и шаҳри Маскав озодона сухан намоем”.
Эълони баргузории анҷумани Ҷунбиши умумирусиягии Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Вазорати адлияи Русия аз додгоҳ хост, фаъолияти ин созмонро мамнӯъ эълон кунад. Ин ниҳод иддао кард, ҷунбиш берун аз нишондодҳои оинномаи худ фаъолият кардааст. Мурофиаи додгоҳӣ дар ин робита рӯзи 2 июни соли равон баргузор шуд ва Додгоҳи олии Русия баъди 5 соати баррасӣ, онро то 9 август ба таъхир гузошт.