Давлатов дар бораи мошину хонаи вазирон, маошҳои сиёсӣ ва таҳкими назорати дороиҳо
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар шарҳи сарчашмаи хонаю мошинҳои гаронарзиши вазирон гуфт, музди меҳнати мансабдорони сиёсӣ дар кишвар нисбатан зиёд мебошад.
Ҷумъа Давлатов ин нуктаро 12 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар баробари ин вазирону мансабдорон манбаъҳои дигари даромад низ доранд.
Давлатов худро мисол овард, ки дар баробари 4 ҳазор сомонӣ маош корҳои дигарро низ анҷом медиҳад ва барои он маблағ мегирад: “Шумо фикр мекунед роҳбари вазорат як сарчашмаи даромад дошта бошад. Аммо фарз кардем ман ба фаъолияти омузгорӣ низ машғулам, лексия мехонам. Ба фаъолиятҳои илмӣ машғулам, китоб ҳам нашр мекунам, маблағҳои зиёд мегирам”.
Ӯ афзуд, ки гарчанде дар Тоҷикистон музди меҳнати шахсони мансабдори сиёсӣ каме баландтар аст, баробари ҳамтоёни хориҷияшон нест.
Давлатов инчунин иттилоъ дод, ки ба қонун дар бораи хизмати давлатӣ ва қонун дар бораи мубориза бо коррупсия тағйирот пешниҳод шудаст, ки бар асоси он назорати даромаду дороии мансабдорон пурзӯр карда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ дар доираи лоиҳаи пешниҳодшуда дар баробари эъломиякунии даромадҳо ва молумулки мансабдору аъзои оилааш, инчунин манфиатҳои шахсию уҳдадориҳои молиявии мансабдору наздиконаш эъломия карда мешаванд: “Эъломиякунонии манфиатҳои шахсӣ дар ду ва якчанд ҷо кор кардани хизматчиёни давлатӣ, муносибатҳои хешутабориро дар назар дорад”.
Раиси Агентии хидмати давлатӣ гуфт, ин эъломиякуниҳоро на ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ дастгирӣ карданд: “Лекин корҳо сари ин масъала идома доранд ва то охири сол ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд”.
Аммо Давлатов дақиқ нагуфт, ки кадом вазоратҳо мухолифи назорати бештари дороию даромад ва манфиатҳои шахсии мансабдорон мебошанд.
Қаблан Раҷаб Одинаев, сардори Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, маоши вазирон ва президенти Тоҷикистон махфӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ зимни ислоҳоти музди меҳнат дар соли 2005 хизматчиёни давлатӣ тақсимбандӣ шуданд: “Хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва мансабдорҳои маъмурӣ. Маоши хизматчиёни давлатии сиёсӣ-маоши вазирону роҳбари давлатро ифшою чоп кардан мумкин нест. Махфӣ аст. Маоши мансабдорҳои маъмурӣ ошкор аст”.