Ифшои 68 иштибоҳи тиббии табибони тоҷик дар 6 моҳ
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, тайи 6 моҳи гузашта 68 ҳолати иштибоҳи техникию тактикии тиббии табибон ошкор шуданд.
Салимзода имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз миёни табибони иштибоҳкарда 42 нафарашон аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи тиб ба маблағи 400 то 800 сомонӣ ҷарима шуданд. Ӯ афзуд, ки ҳолати фавти беморон дар пайи иштибоҳи табибон сабт нагардидаст.
Ин дар ҳолест, ки моҳи равон ба “Озодагон” Ҷамила Комилова, як сокини шаҳри Душанбе муроҷиат кард, ки ду фарзандаш дар пайи иштибоҳи табибон маъюб шудаанд. Ба гуфтаи Комилова додгоҳ барои иштибоҳ Рахимова З.К, табиби Маркази саломатии шаҳри Чкалови вилояти Суғдро ба пардохти 5 ҳазору 948 сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 15 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ муваззаф намуд: “Вале ҳанӯз ин қарори додгоҳ иҷро нагардидааст”.
“Озодагон” қаблан аз ҳолатҳои марги беморон дар пайи иштибоҳи табибон хабар дода буд.