Ҳушдор аз шамоли сахт: Тирезаҳоро пӯшед, мошинҳоро дар “гараж” гузоред
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳавои номусоид давоми ду рӯзи оянда ҳушдор медиҳад.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, 14 ва 15 июли соли равон дар қаламрави кишвар борон ва шамоли сахт дар назар аст. Ба иттилои манбаъ, суръати шамол то ба 17-22 м/с мерасад. Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонон даъват кардааст, дар ин рӯзҳо барои бехатарӣ ҳангоми берун шудан аз манзилҳо тирезаҳои хонаҳоро баста, мошинҳои худро дар “гараж” нигоҳ доранд: “Дар сурати набудани он автомашинаро дар зери дарахтон нагузоред”.
Ин ниҳод ҳамчунин мегӯяд, дар ҳолати рух додани шамол агар дар кӯча бошед, аз таваққуф зери овезаҳо худдорӣ намоед.