Курсии сармураббии “Истиқлол»-ро дар ихтиёри Никола Лазаревич гузоштанд
Никола Лазаревич, мутахассиси 38-сола аз Сербия сармураббии нави дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Мубин Эргашевро иваз намуд.
Бино ба иттилои торнамои «Истиқлол» Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии пешини «Хуҷанд» ба ҳайси ёвари лазаревия фаъолият хоҳад кард.
Никола Лазаревич дар гузашта ҳамчун мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ дар «Истиқлол» кор кардааст. Ӯ таҷрибаи кор дар тими миллии Тоҷикистонро ҳам дорад.