Карим Азизов, муовини директори телевизиони “Сафина” далели “қайчӣ” шудани суруди Афзалшоҳ Шодиевро ҳангоми намоиши маҳфили шаби шеъри Озарахш тариқи ин шабака дар моҳи марти соли равон шарҳ дод.
Азизов имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар суруди “Пайкара гиря мекунад”-и Афзалшоҳ Шодиев ягон мушкили сиёсиро надидаанд ва он бо назардошти ҷанбаҳои этикӣ пешниҳоди мухлисон нашудааст. Ӯ гуфт, ҳангоми хондани суруд Шодиев ба зону мезад ва мегирист ва азбаски он шабурӯз дар кишвар арафаи ид буд, масъулин аз пахши он тариқи телевизион худдорӣ кардаанд.
Матни “Пайкара гиря мекунад” ба Озарахш тааллуқ дошта, дар он даҳшати ҷангу хунрезиҳо тасвир шудааст ва Шодиев ҳангоми иҷрои он дар шаби шеъри Озарахш ашк рехта буд. Шоми 16-уми март“Сафина” маҳфили шеъри шоир Озарахшро намоиш дода буд ва “Пайкара гиря мекунад” дар иҷрои Афзалшоҳ Шодиевро “қайчӣ” кард. Видеои таронаи “Пайкара гиря мекунад” дар иҷрои Афзалшоҳ Шодиев: