Боздошти сокини Истаравшан бо гумони қатли ҳамсараш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани як сокини 50-солаи шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми куштори ҳамсараш хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда 12 июли соли равон тахминан соати 01:00 дар манзилаш бо ҳамсари 35-солаи худ муноқиша карда, бо корд 2 маротиба ба қафаси синаи ӯ мезанад: “Дар натиҷа ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои ВКД, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.