Азизов: “Маликаи хушхиром”-и Исоев баъди эроди Президент қатъ шуд
Раҳбарияти муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” далели қатъи пахши барномаи “Маликаи хушхиром”-и Орзу Исоевро эроди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт.
Карим Азизов, муовини директори телевизиони “Сафина” имрӯз, 13-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ кард, ки воқеан барномаи “Маликаи хушхиром” норозигии раисиҷумҳурро ба вуҷуд овард. Ба иттилои Азизов, Эмомалӣ Раҳмон аз касбияти доварони ин барнома эрод гирифта, изҳор доштааст, ки онҳо бояд дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб мешуданд: “Дар натиҷа барнома аз байн бардошта шуд”.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, норозигии раисиҷумҳурро баҳои доварон ба ҳунари як духтари камбизоат аз навоҳии дурдаст ба вуҷуд овардааст, ки барои иштирок ба барномаи “Маликаи хушхиром” омадаасту мавриди интиқоди доварон қарор гирифтааст. Дар маҷмуъ раисиҷумҳури Тоҷикистон аз касбияти журналистон интиқод намудааст, ки баъзан аз мусоҳибашон бештар гап мезананд.
“Маликаи хушхиром” яке аз барномаҳои сербинандаи “Телевизиони Сафина” ба шумор мерафт, ки муҷрии он Орзу Исоев буд. Қаблан Зевар Давлатзода, раиси “Сафина” гуфта буд, баъди қатъи барнома мухлисони зиёде тамос гирифта, хоҳиш мекунанд, он дубора пахш шавад. Раҳбари “Телевизиони Сафина” афзуд, ин лоиҳа аз сӯи ӯ пешниҳод гардид ва Орзу Исоев танҳо ровӣ буд.