Насби дурбинҳои назоратӣ барои шаффофият дар озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои хизмати давлатӣ
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, барои шаффоф гузаштани озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холии хизмати давлатӣ Низомномаи тартиби гузарондани он дар таҳрири нав пешниҳод гардид.
Оқои Давлатов сешанбеи 12 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, тибқи таҳрири нави низомнома довталабон имтиҳони тестӣ ва кори хаттӣ месупоранд. Ба қавли ӯ, шакли баҳогузорӣ низ дар озмунҳо тағйир ёфтааст: "Қаблан аз системаи 1 то 5 балл истифода мешуд, минбаъд барои муайян намудани сатҳи тахассуси касбии довталабон аз 1 то 10 балл баҳогузорӣ мешавад".
Ҷумъа Давлатов қайд намуд, барои шаффоф гузаштани озмунҳо ва пешгирии роҳҳои коррупсионӣ дар тамоми ҷойҳое, ки озмун мегузарад, дастгоҳҳои сабткунанда насб хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон, Низомномаи тартиби гузаронидани озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холии хизмати давлатӣ 10 марти соли равон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар тасдиқ гардидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар нимсолаи аввали соли равон дар мақомоти давлатӣ барои ишғоли 1973 мансаби холӣ озмун эълон гардида, ба 352 мансаб ҳуҷҷат супорида нашуда, ба 1621 ҷои кории холӣ бо ширкати 2922 довталаб озмун гузаронида шудааст.
Ҷумъа Давлатов иброз дошт, дар пайи натиҷаи озмунҳо 1368 довталаб барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд ва 1554 нафар бо далели надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмун нагузаштаанд.