Президенти Қирғизистон: Бо Э.Раҳмон муносиботи хубу гарм дорам
Алмосбек Отамбоев, расиҷумҳури Қирғизистон имрӯз, 12-уми июл аз Суҳроб Олимзода, сафири навтаъини Тоҷикистон дар ин кишвар эътимоднома қабул кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон Отамбоев дар маросими қабули эътимоднома аз Олимзода изҳор доштааст, ки Тоҷикистон кишвари дӯст ва бародари мост: “Мо таърих, дин ва марзи муштарак дорем. Барои мо мустаҳкамии муносиботамон бисёр муҳим аст. Ман бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвари ҳамсояамон муносибати хубу гарм дорам”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мақоми сафирро барои муносиботи ду кишвар бисёр муҳим хонда, афзудааст, ки сафир метавонад муносиботро ба сатҳи сифатан нав барорад.